Дар Тоҷикистон то охири моҳи октябр беш аз 330 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр дар ҷумҳурӣ 330 ҳазору 454 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95 ҳазору 356 тонна зиёд мебошад.
Дар мамлакат кишоварзони вилояти Суғд ва Хатлон бештар ба истеҳсоли пахта машғуланд.
Ба иттилои Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то охири моҳи октябр дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят 228 ҳазору 475,5 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурда шудааст, ки 83,02 фисади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то ин муддат шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Дӯстӣ, Левакант ва Шаҳритуз дурнамои мавсимро пурра иҷро намуда, ноҳияи Носири Хусраву Хуросон ба андозаи 97,58 фоиз ва 95,27 фоизи дурнамо ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Восеъ, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 58,44 то 82,07 фоиз иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.
Зикр гардид, ки 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, то охири моҳи октябр кишоварзони вилоят 107 ҳазору 753 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 83,5 фоизи нақша баробар аст.
То имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 12 ҳазору 868 тонна, Бобоҷон Ғафуров 15 ҳазору 532 тонна, Ҷаббор Расулов 10 ҳазору 829 тонна, Зафаробод 23 ҳазору 168 тонна, Конибодом 13 ҳазору 349 тонна, Мастчоҳ 21057 тонна ва Спитамен 10 ҳазору 851 тонна дурри гаронбаҳо ба хирман супоридаанд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 1 то 4 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани обу ҳаво дар назар буда, аз 1 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии навоҳии тобеи марказ борони бошиддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) меборад. Ин гуна шароити обу ҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид пешгӯӣ мешавад.
Мутахассисони соҳаи пахтакорӣ иброз медоранд, ки имсол ҳосилнокии пахта нисбат ба соли қаблӣ хубтар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






