Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он сардорони раёсатҳо, ҳайати шахсӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва меҳмононро бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Икром Умарзода оид ба таърих ва муҳтавои Парчами давлатӣ иброз дошт, ки «Парчам-яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, фарогири муқаддасоти миллӣ мебошад. Он нишони қудрат ва ифтихормандии инсон буда, нишони фазилати мову шумо- тоҷикистониён аст. Гиромӣ доштани Парчам вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, зеро ҳар як давлатро аз парчамаш мешиносанду таърихи онро меомӯзанд».
Ххушбахтона, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои мутараққии чаҳон муаррифӣ гардида, бори дигар симои давлати ҳуқуқбунёду демократии моро нишон медиҳад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, моҳияту мазмуни фаъолият ва таъйиноти давлат, шаклу сохт ва марому мақсади давлат, инчунин равандҳои асосии сиёсати онро ифода менамояд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






