Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ сурат гирифт

Ноябрь 23, 2019 12:27

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши  идона баргузор гардид. Дар он сардорони раёсатҳо, ҳайати шахсӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва меҳмононро бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Икром Умарзода оид ба таърих ва муҳтавои Парчами давлатӣ иброз дошт, ки «Парчам-яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, фарогири муқаддасоти миллӣ мебошад. Он нишони қудрат ва ифтихормандии инсон буда, нишони фазилати мову шумо- тоҷикистониён аст. Гиромӣ доштани Парчам вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, зеро ҳар як давлатро аз парчамаш мешиносанду таърихи онро меомӯзанд».

Ххушбахтона, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои мутараққии чаҳон муаррифӣ гардида, бори дигар симои давлати ҳуқуқбунёду демократии моро нишон медиҳад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, моҳияту мазмуни фаъолият ва таъйиноти давлат, шаклу сохт ва марому мақсади давлат, инчунин равандҳои асосии сиёсати онро ифода менамояд.

Ноябрь 23, 2019 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд