Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ноябрь 27, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Дар бораи Стратегияи миллии рушди омори  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030” ва “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2020” гузориши директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030” сеюмин барномаи бисёрсолаи мақомоти омори давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими низоми омори миллӣ, таъмини муқоисапазирии иттилооти омори расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷорӣ намудани стандартҳои байналхалқӣ, таъмини фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор, пайгирии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, беҳтар кардани ташаккули омори байниидоравӣ, таъсиси шабакаи ягонаи ҷамъоварии иттилооти омории ҷавобгуи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, равона мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии омор ва масъулини дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босамари Стратегияи миллии рушди омор дастуру супоришҳо доданд.

Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Аъзои ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳоро Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Дар бораи Қоидаҳои ташкили хизматрасонӣ ба мусофирони хатсайрҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро муҳокима карданд.

Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастурҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ бо гармӣ ва маводи сӯзишворӣ дар мавсими сармо ва вусъати корҳои ободонӣ, ҷалб карданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.11.2019

Ноябрь 27, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов
Имрӯз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Непал Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон