ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

Ноябрь 27, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 27.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва  барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона   4+9 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук   ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва   рӯзона    аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва  барф дар назар аст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук шуда, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман  мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук  ва  рӯзона  7+9 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 27, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад