Олимон боз як хусусияти хавфноки шакарро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зиёд истеъмол намудани шакар хавфи илтиҳоби рӯдаҳоро ба миён меорад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 13 ноябр, олимони Канада аз Донишгоҳи Алберт дар вебсайти донишгоҳ иттилоъ додаанд. Дар ин бора бо истинод ба «Известия» хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар мушҳои озмоишӣ, ки ғизои онҳо асосан аз шакар иборат буд, ҳангоми ворид кардани дарди сунъии рӯдаи ғафс ба организмашон аз ҳама бештар бофтаҳои рӯдаҳояшон зарар дидаанд.
Дида мешавад, ки шакар ба инкишофи бактерияҳои патогенӣ мусоидат кардааст.
Ҳамзамон маҳсулоти муҳими ҳаётгузаронии бактерияҳо метавонанд озодона аз рӯда, ки дар он ҷойгиранд, ба дигар қисмҳои бадан гузаранд.
Ҳамаи ин метавонад эҳтимолияти рушди касалиҳои дигар, аз ҷумла нейрогенеративӣ ва бемориҳое, ба мисли Алтсгеймер ва Паркинсонро зиёд кунад.
22 октябр хабар дода шуд, ки олимони Коллеҷи тиббии Ҷорҷия (ИМА) муайян карданд, ки истеъмоли шакар барои одамони фарбеҳ хеле зараровар аст. Ин раванд ҳолати умумии баданро халалдор намуда, хатари бемориҳои дилу рагро зиёд менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






