Пагоҳ дар ноҳияи Панҷ Фестивал барои кӯдакон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бахшида 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал барои кӯдакон баргузор мегардад. Дар ин бора мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Шӯҳрат Шарипов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Фестивали мазкурро Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Раванди таъсири муҳоҷират ба кӯдакон» доир менамояд.
Дар Фестивал ҳунармандони фаъол иштирок намуда, дар он барои кӯдакон кунҷҳои рассомӣ ва бозиҳои бачагона, аз ҷумла фудкорт ва ғайраҳо ташкил мегарданд.
Ташкилкунандагони Фестивал ҳамчунин тасмим гирифтаанд, ки тақрибан 300 кӯдаки ниёзманд ва хурдсолонеро, ки имконияти ба даст овардани зоднома надоштанд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






