ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ПАРАФШОН ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН – АЗ ҚУЛЛАИ БОМИ ҶАҲОН ТО АНТАРКТИДА ВА КАЙҲОН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябри соли 2019

Ноябрь 23, 2019 12:40

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 24 октябри соли 1992 қабул гардидааст. Он аз матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх, рахи мобайн ранги сафед ва рахи поён ранги сабз дорад.

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад

Тоҷ дар парчам нишонаи халқи тоҷик аст. Ҳафт ситора: дар фарҳанги анъанавии тоҷик рақами «ҳафт» рамзи мукаммалӣ, таҷассуми хушбахтӣ ва накӯкорист. Ин фаҳмиш аз эътиқоди бостонии қадимаи тоҷикон бармеояд, ки тибқи он осмон аз ҳафт боғи зебои атрофашро ҳафт кӯҳ иҳотанамуда иборат буда, болои ҳар кадоми онҳо ситора нур мепошад. Ғайр аз ин, ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистони муосирро нишон медиҳанд: Суғд; Зарафшон; Ҳисор; Рашт; Вахш; Хатлон; Бадахшон.

Оғози моҳи сентябри соли 2011 Тоҷикистон дар китоби «Рекордҳои Гиннес» саҳми худро гузошт. Соли  2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Дар Душанбе бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баландтарин парчами ҷаҳон бо пояи 165 метр (рекорди қаблӣ 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт) баланд карда шуд. Парчам 60 ба 30 метр буда, ҳадди ақал 700 кило вазн дорад.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакати мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шуд, он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар балантарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан  тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд!

Ноябрь 23, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. Суратгузориш аз зебогиҳои пойтахти Тоҷикистон
Иштирокдорони Раванди оби Душанбе ба тамошои Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Суратгузориш аз боздиди меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон
…РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН. Суратгузориш аз пазироии иштирокдорони Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон имконият ва иқтидори зиёди рушди соҳаи кишоварзӣ мавҷуд мебошад
Дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бояд саҳмгузор бошем
Суратгузориш аз маркази таълимии «Пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
СУРАТГУЗОРИШ. Тифлис-қалби Гурҷистон ва шаҳре дорои таърихи 1600-сола