ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 320-умин рӯзи соли 2019 аст

Ноябрь 16, 2019 08:00

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

1 сол пеш, 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хосса доир шуд.

16 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.

***

Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.

РӮЙДОДҲО:

16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”-и пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.

***

16 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

***

103 сол  муқаддам, 16 ноябри соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шуд.

***

Дар  ин рӯзи соли 1933 миёни ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

16 ноябри соли 1946 дар Париж Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда шуда буд.

***

Соли 1824  дарёи Муррей – дарозтарин дарё дар Австралия кашф карда  шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Ноябрь 16, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст