ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад

Март 23, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба фаро расидани фасли баҳор кишоварзони мамлакат ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинанд. Барои гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон заминҳоро сари вақт шудгор менамоянд.  Дар гузашта  мардуми тоҷик дар фасли баҳор баробари гарм шудани ҳаво ва бедоршавии табиат аз хоби зимистона маросими ҷуфтбароронро иҷро мекарданд.  Ин маросимро аз қадимулайём кишоварзони тоҷик дар оғози фаъолияти деҳқонӣ дар мавсими нави кишоварзӣ бо тантанаю хурсандиҳо доир менамуданд ва он ба ҷашни оммавӣ табдил меёфт.

Шудгори имрӯза дар гузашта бо номҳои «ҷуфтбаророн», «қӯшбаророн» ва «юғмонон» маъмул буд. Ин маросим дар гӯшаю канори мамлакат вобаста ба иқлим ва шароити табиат дар водиҳо ва минтақаҳои гарм барвақттар ва дар мавзеъҳои кӯҳсор дертар баргузор мешуд.

Дар оғози маросими ҷуфтбаророн аҳли деҳа ба он омодагӣ медиданд. Ҳар оила мувофиқи имкон хӯрок пухта, ба ҷойи муайянгардида меовард.

Дар ноҳияи Варзоб аз хӯрокҳо оши бурида ва далда бештар омода карда мешуд, ки рамзи баракату фаровониро доштанд. Дар деҳаҳои Мастчоҳ оши борик (оши бурида) ва атола мепухтанд ва барои ҷуфтгарон ба саҳро мебурданд. Равған дар боварҳои мардум рамзи баракату серҳосилӣ ба шумор меравад. Равғанро ба гардани барзаговҳо мемолиданд. Дар маросими ҷуфтбаророн амалҳои эътиқодии дигар низ иҷро карда мешуданд. Масалан, рӯзи ҷуфтбаророн ба барзаговҳо яктогӣ нон мехӯронданд. Бо ин амал кишоварзон соли серию пурӣ шуданро орзу мекарданд. Барои дафъ кардани қувваҳои нопок ҳазориспандро дуд андохта, аз болои он барзаговҳоро гузаронида, баъд барои заминронӣ ба саҳро мерафтанд. Инчунин ба ҳар шохи говон яктогӣ нон мехалониданд. Нонҳои боқимондаро ба ҳаво партофта, мегуфтанд: «Эй ҳаво, нон бибор, ғалла бибор!». Сипас нонҳоро аз замин гирифта, мехӯрданд. Нонҳои ба шохи говҳо халонидаро барои хӯрдан ба худи барзаговҳо медоданд.

Сокинони ноҳияҳои Ишкошиму Вахон дар ин рӯз аз орду об ва равғану шир таоми махсус омода мекарданд, ки мардум онро «кочӣ» меномиданд.

Ҷуфтбаророн маросими шукронаи деҳқон аз корҳои кишоварзӣ ва орзую талаби баракату фаровонӣ ва серию пурӣ мебошад, ки аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз омада расидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд