ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 328-умин рӯзи соли 2019 аст
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо карданд.
***
9 сол пеш аз ин, 24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 — солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.
24 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи занон.
***
Дар ИМА — Рӯзи дӯстон.
РӮЙДОДҲО:
24 ноябри соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор» доир шуд.
***
24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи амалигардии барномаи «Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» гузаронида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.
***
58 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1969 киштии кайҳонии «Аполлон-12» ба самти Моҳтоб парвоз кард.
***
24 ноябри соли 2005 дар шаҳри Алмато Анчумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
***
Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад