ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 329-умин рӯзи соли 2019 аст

Ноябрь 25, 2019 08:00

25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар   ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ карданд.

***

9 сол пеш аз ин, 25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ба имзо расида буданд.

25 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.

***

Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

25 ноябри соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро муҳокима намуд.

***

25 ноябри соли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

***

352 сол муқаддам, 25 ноябри соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

25 ноябри соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

***

25 ноябри соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Ноябрь 25, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш