Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора 15 ноябр Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур, ҷараёни иҷрои тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.
Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» барои инъикоси васеи қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма вазифадор гардидаанд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






