Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии энергетика, энергияи нав ва таҷдидпазири Ҳиндустон Раҷ Кумар Сингҳ 20 ноябр мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳарии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду давлат дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иштирок дар баҳрабардорӣ аз имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва рушди баъдии соҳаи саноат тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи неруи таҷдидпазир, хусусан неругоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо мавҷуд будани зарфиятҳои бузургро дар самтҳои баррасигардида зикр намуда, алоқамандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ дар ин замина иброз намуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






