Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони техникии раванди Алмаато ба кор шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар/. 9-10 декабр дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони техникии раванди Алмаато баргузор мегардад. Намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Ӯзбекистон ва ҳамчунин коршиносони СММ мавзӯи ҷараёни муҳоҷиратро муҳокима мекунанд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Хотиррасон менамоем, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон айни ҳол аъзои раванди Алмаато ҳастанд. Эрон ва Покистон кишварҳои мушоҳид мебошанд.
Созмони байналмилалии муҳоҷират-Агентии СММ оид ба муҳоҷират (СБМ) ва Раёсати комиссариати олии СММ оид ба гурезагон – Агентии СММ оид ба гурезагон ба раванди Алмаато кумаки ташкилӣ, моддӣ-техникӣ ва дастгирии коршиносона мерасонанд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






