Арчаи асосии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин арчаҳои солинавии ИДМ шомил шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Арчаи сабзу зебое, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зеб дода шудааст, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Баландии арчаи асосии солинавии Тоҷикистон 29 метрро ташкил медиҳад.
Рейтингро коршиносони портали сайёҳии «ТурСтат» тартиб додаанд.
Ба даҳгонаи аввали баландтарин арчаи солинавии ИДМ арчаҳои шаҳрҳои Ашқобод (40 метр), Ереван (37 м), Тошканд (36 м), Боку (34 м), Минск (30 м), Душанбе (29 м), Москва ( 27 м), Бишкек (27 м), Нур-Султон (25 м) ва Кишинёв (20 м) шомил шудаанд.
«Рейтинг аз рӯи натиҷаи омӯзиши баландии арчаҳои асосии солинавӣ дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ тартиб дода шудааст»,-хабар медиҳад «ТурСтат».
Арчаи асосии солинавии Россия дар майдони назди Кремл бо баландии 27 метр ягона арчаи солинавии ҳақиқии сарсабз дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мебошад.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






