Дар Душанбе тӯли як моҳ бузургтарин Фестивал-ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулот ҷараён мегирад
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамдастӣ бо ширкати “Рахш Такси” дар пойтахти Тоҷикистон бузургтарин Фестивал-ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулот роҳандозӣ гардидааст.
Тавре сардори шуъбаи маркетинги ширкати “Рахш Такси” Руслани Сарбоз ба АМИТ «Ховар» хабар дод, чанд рӯз аст, ки таҳти унвони “Соли нави мелодии 2020” дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ ярмаркаи бошукӯҳтарин доир гардида истодааст.
Ба иттилои мавсуф, ба ин ярмарка–бозори бузурги фурӯши маҳсулоти мухталиф соҳибкорони муваффақ даъват шудаанд. Онҳо зимни ярмарка маҳсулоти хешро муаррифӣ менамоянд, то сокинону меҳмонони пойтахт имкони шиносоиву хариди онро пайдо кунанд.
“Аз ҷониби созмондиҳандагон дӯконҳои махсуси орододашуда пешниҳод мешаванд ва ширкатҳо онҳоро ба иҷора мегиранд. Тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар он ширкат кунанд”, — афзуд Руслани Сарбоз.
Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи мазкур аз 15 декабр то 15 январ дар Боғи шаҳрии ба номи Устод Рӯдакӣ аз соати 10:00 то 23:00 ҷараён мегирад.
Даромад ба боғи мазкур озод аст.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






