Дар ИДМ таъсис додани комиссия оид ба муқовимат ба таҳрифсозии таърих ба нақша гирифта шудааст

Декабрь 12, 2019 09:59

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил таъсис додани комиссияи муаррихон ва бойгонишиносони  ҳуҷҷатнигор барои муқовимат ба таҳрифкории таърих пешниҳод гардидааст,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ташаббус оид ба таъсис додани  чунин Комиссия ба Россия тааллуқ дорад. Онро аксари аъзои Шӯро оид ба  ҳамкории   башардӯстона ва Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии донишкадаҳои таърихи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи муштараки Шӯро оид ба  ҳамкории башардӯстона ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ, ки 9 декабр дар Брест баргузор шуд, ташаббуси мазкур бори дигар рӯзмарра   эътироф гардид. Иштирокдорони  ҷаласа ба  қароре омаданд, ки аз донишкадаи таърихи ҷаҳонии  Академияи илмҳои Россия   таҳия ва коркарди лоиҳаҳои    зарурии санадҳо, аз ҷумла,  Низомнома  оид ба таъсиси Комиссияро хоҳиш намоянд.

Комиссия дар заминаи Ассотсиатсияи байналмилалии Донишкадаҳои таърихи кишварҳои Иттиҳод амал хоҳад кард. Ба ғайр аз муаррихон ба  ҳайати он ҳамчунин  намояндагони бойгониҳо  ва дигар идораҳои  мувоҷеҳи давлатҳои аъзои ИДМ  шомил мешаванд.

Декабрь 12, 2019 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд