ХАБАРИ ХУШ! Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дигар Рӯзи умумиҷаҳонии шоҳмотро таъсис дод

Декабрь 14, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 14.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.   12 декабр Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси як қатор давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон якдилона 20 июлро Рӯзи умумиҷаҳонии шоҳмот эълон кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

Аъзои Маҷмаи Умумии СММ бо зикри он ки шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои зеҳнӣ ва фарҳангие мебошад, ки унсурҳои варзиш, тафаккури илмӣ ва санъатро дар бар мегирад, ба ҳамаи давлатҳо пешниҳод карданд, ки Рӯзи нави умумиҷаҳониро сазовор таҷлил намоянд.

Ҳаммуаллифони қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ таъкид карданд, ки шоҳмот бозиест, ки дар тамоми ҷаҳон бозӣ карда мешавад. Он адолат, ҳамгироӣ ва эҳтироми мутақобиларо таҳрик медиҳад ва инчунин ба фароҳам овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва давлатҳо мусоидат мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои халқи тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон ба ҳисоб меравад. Дар давлатҳои мухталиф бозии шоҳмот номи худро дорад: дар Англия — чесс (англисӣ chess), дар Испания — ахедрес (испанӣ el axedres), дар Германия — шах (немисӣ Schach), дар Франсия — эшек (франсавӣ echecs). Номи русии он аз забони форсии қадим сарчашма мегирад: «шах мат» (шоҳ мот) – «Шоҳ мағлуб шуд».

«Шоҳмот бозидан қобилияти ақлониро мекушояд», — гуфта буд замоне рӯзноманигор, нависанда ва сиёсатмадори маъруфи ИМА Бенҷамин Франклин. Ин бозии шавқоварро аз замонҳои қадим миллионҳо одамон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бозӣ мекарданд. Имрӯз шоҳмот на танҳо ба як намуди варзиш, балки ба усули боэътимоди тарбияи фарзанд табдил ёфтааст. Бо дарназардошти ин, моҳи августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷорӣ кардани дарси шоҳмотро дар мактабҳои мамлакат таъкид карда буданд. Пас аз он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Асосҳои шатранҷ» нашр кард, ки дар он қоидаҳо ва маҷмӯи комбинатсияҳои ин бозии қадимаи мардуми мо дарҷ ёфтаанд. Барномаи таълимӣ оид ба шоҳмот дар мактабҳои миёна низ таҳия карда шуд.

«Татбиқи ин фан, ба фикри мо, дар гирифтани маълумоти ҳамаҷонибаи фарзандонамон, ташаккули тафаккур ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо натиҷаи мусбат хоҳад дод», — тазаккур дода буд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ӯ, дарси шоҳмот ба барномаи таълимӣ дар доираи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнат дохил карда шудааст.

Чанде пеш, сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) рейтинги нави қудратҳои беҳтарини шоҳмотро дар ҷаҳон нашр кард.

Ба ин феҳрист беш аз 170 дастаи мунтахаб шомил мебошанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни мардон дар рейтинги мазкур бо 2232 хол аз зинаи 101-ум ба зинаи 92-юм боло рафт.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар ҳисоби худ 2636 имтиёз дорад, садрнишини рейтинги дастаи мунтахаб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз нав президенти Федератсияи шоҳмот интихоб шуд. Ӯ бори аввал соли 2014 раиси федератсия интихоб шуда буд. Давоми ин солҳо шоҳмотбозони тоҷик қариб дар ҳама мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ширкат варзиданд. Илова бар ин, Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ Ҷоми ҷаҳониро дар Хоҷа Обигарм баргузор намуд.

Соли гузашта дар Батуми интихоботи президенти ҳафтуми Федератсияи байналмилалии шоҳмот баргузор шуд. Он собиқ ёвари президент ва ноиби сарвазири Россия, ҳоло ҳамраиси Бунёди «Сколково», сиёсатмадори маъруф Аркадий Дворкович гардид. Ӯро Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон низ дастгирӣ кард. Дар навбати худ Дворкович ваъда дод, ки ба рушди шоҳмот дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 14, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон