«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ”. Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публисистӣ эълон гардид

Декабрь 19, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин  мақолаи публисистӣ эълон менамояд.  Дар озмуни мазкур донишҷӯён, ҷавонони касбу кори гуногун, рӯзноманигорон, олимону муҳаққиқони ҷавон метавонанд иштирок намоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни ҷумҳуриявӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он  дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд то  10 феврали соли 2020 мақолаҳои худро ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хаттӣ ва электронӣ (tjavononi@gmail. com) равон намоянд.

Муаллифони  беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда  мешаванд.

Декабрь 19, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад