ИНТИХОБОТ-2020. Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд

Декабрь 7, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 07.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан, 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад.   Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Бояд гуфт, ки аъзои Комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро муҳокима ва тасдиқ намуданд.

Аъзои Комиссия қарор қабул намуданд, ки дар ҳудуди мамлакат 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ,  ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян гардид.

Ёдовар мешавем, ки иштирокдорони ҷаласа мутобиқи талаботи  қонунгузорӣ намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро тасдиқ намуданд.

Декабрь 7, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд