ИНТИХОБОТ — падидаи ҷомеаи демократӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон

Декабрь 4, 2019 17:27

ДУШАНБЕ, 04.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Интихобот падидаи ҷомеаи демократӣ буда, нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон назаррас аст. Ин нукта дирўз зимни мулоқоти намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати эҳтимолии комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) доир гардид.

Мулоқоти мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, ки моҳи марти соли 2020 дар мамлакат баргузор мегардад, гузаронида шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар мулоқот Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода,  коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуллоҷон Нурмуҳаммедов, сардори раёсати адлия дар вилояти Суғд Мамлакат Раҳматзода, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода иштирок намуда, доир ба интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки имрўз  иқдомҳои наҷибу созандае, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешаванд, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳо  равона гардида истодаанд. Яке аз онҳо ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта,  имрўзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи баргузории он қарор доранд. Ин маъракаҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозанд.

Ҳамзамон иштирокдорон зикр карданд, ки танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне ширкати фаъолона  дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии мамлакат ва ваҳдати ҳамагонӣ бештар саҳм гузорем.

Декабрь 4, 2019 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд