ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст

Декабрь 11, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво абрнок шуда, борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона  0+5  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-13 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона    1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ  борон бошиддат борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳо кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо боришот шиддат гирифта,  туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм, ва  рӯзона 2+7  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 11, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд