ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва қисман абрнок дар назар аст

Декабрь 23, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 23.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбанда  ва қисман абрнок дар назар буда, туман мефарояд.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона  7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрноки бебориш шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм   ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук   ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 23, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд