ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Декабрь 10, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 10.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво абрнок шуда, борон меборад.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона  4+9  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона    3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  дар назар  буда, борон меборад.  Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, борон меборад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 10, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд