Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанберо ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА» хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот Президенти Ӯзбекистон рушди босуръати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар солҳои охир бо қаноатмандии махсус зикр намуд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлати бародар пешрафти ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин ба сатҳи шарики стратегӣ баровардани онҳо таъмин гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқбол изҳори сипос намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.
Зимни суҳбат паҳлӯҳои амалии густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду давлат- Душанбе ва Тошканд баррасӣ шуданд.
Масъалаи ба роҳ мондани муколамаи мунтазам дар чунин самтҳо, ба монанди табодули таҷриба дар идоракунии шаҳрӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






