«Судя ҳуқуқи хато кардан надорад» , «Ифротгароӣ – зуҳуроти даҳшатафкан ва нафратовар», «Человек другого измерения»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Декабрь 19, 2019 15:26

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (18.12.2019, №240)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ, ки  21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мақолаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор  Ҷамолиддин Абдуллозода таҳти сарлавҳаи «Судя ҳуқуқи хато кардан надорад» ба нашр расидааст.

Муаллифи мақола, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои гуногуни  фаъолияти мақомоти судиро дар мулоқоти мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун, баамалбарории адолати судӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолияти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас баён намуда, иброз доштанд: «Ҳангоми баррасии парвандаҳо, махсусан вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъйини табобати маҷбурӣ нисбат ба гирифторони нашъамандӣ риояи қатъии қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро ба роҳ монда, ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздоштан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон, вайрон кардани муҳлати тафтишоти пешакӣ, истифодаи зӯроварӣ ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ тамоми чораҳои дар қонун пешбинишударо андешида, адолати судиро бо назардошти принсипҳои қонуният, адолат ва инсондӯстӣ таъмин намоянд».

«БМТ. Афзоиши пасандозҳо шаҳодати зиёдшавии эътимоди аҳолист», «Хатлон. Ҷангалзор доман мезанад»,  «Данғара. Таъсиси беш аз 1000 ҷойи кор», «Суғд. Даъвати ҷавонон ба ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона» , «Хатлон. Солимии ҷомеа дар мадди аввал», «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем», «Аз Варзиканда то «Синдзиян бейсин». бардошт аз рӯзгори тоҷикбача Иброҳим Дӯстализода», «Дӯстони фарзандони мо киҳоянд?»     — аз мақолаҳои дигари ин шумораи «Ҷумҳурият» мебошанд, ки   масъалаҳои муҳими ҷомеаро  баҳри  қазоват  пешниҳоди  хонандагон намудаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№151 аз 17.12.2019)   дар саҳифаи аввали ин шумора  таҳти сарлавҳаи «Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гузориши муфассал нашр намудааст.

Дар ин  шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилӣ ва хонданбоб  таҳти сарлавҳаҳои «Зарурати ҷоннок кардани фаъолияти диаспораи муҳоҷирон пеш омадааст», «Хумори васл дорад ҳар кӣ аз хоки Ватан дур аст… Ё чанд андешаю пешниҳод оид ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия», «Мафҳумҳо дуруст бошанд, номуайянӣ дар қонунҳо аз байн мераванд», «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва сабки ҳиндӣ», «Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» роҳнамои волидон ва омӯзгорон аст»  ба чоп расидаанд.

Дар шумораи навбатии  нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (18.12.2019, №51)   гузоришҳо   оид ба   иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии  бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва  бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  ба чоп расидаанд.

Ҳамзамон дар ин шумораи рӯзнома оид ба  раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳо бо сарлавҳаҳои – «Началась  подготовка  к предстоящим выборам», «ЦКРВ установила формы и образцы документов для проведения выборов», «Бахтиёр Худоёрзода встретился с оценочной миссией БДИПЧ/ОБСЕ», «Центризбирком разработал порядок использования СМИ» ва «Выборы как важный атрибут демократии» нашр гардидаанд.

«Роль женщин в обществе: на пути динамичного роста» ва  «Закон направлен на повышение благосостояния общества» — аз ҷумлаи матолиби дигари рӯзномаи  «Народная газета»  мебошанд, ки   зери рубрикаи «Аз Паём то Паём» рӯи чоп омадаанд.

Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо  бо номҳои  «Век генерала Курбанова: страницы истории» ва «Человек другого измерения» нашр гардидаанд, ки    ба Рӯзи кормандони   мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Мақолаи «Человек другого измерения»  ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари  ходими давлатии тоҷик, генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров бахшида шудааст. Муаллифи мақолаи мазкур  Эркин Муҳиддинов дар тасвири  шахсияти  С.Зуҳуров, аз ҷумла чунин  нигоштааст: «В тяжёлые девяностые годы прошлого столетия Саидамир Зухурович взял на себя ответственность руководителя такого непростого ведомства, как Министерство безопасности, на что решиться мог не каждый. К слову, ещё до начала гражданской войны, он в беседах с нами предсказывал угрозу хаоса в республике и, как следствие, распада состава профессиональных чекистов. К сожалению, так оно и случилось. Но с назначением Саидамира Зухурова на должность Министра безопасности многие сотрудники Министерства, которые по разным причинам были вынуждены уйти с работы, вернулись. Они хорошо знали высокий профессионализм Саидамира Зухуровича, его преданность делу, честность и стремление служить Родине и законному Правительству. Именно поэтому, а не ради скудной зарплаты или чего-то ещё, они сплотились вокруг него в то смутное время. Одним из них был и я».

Матолиби  шумораи навбатии  «Минбари халқ» (№51, аз 18.12.19)  пурра ба Анҷумани XIII  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳафтаномаи мазкур  нашрияи  КИ ҲХДТ мебошад,  бахшида шудааст.

Анҷумани  XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон, ки таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 декабр дар шаҳри Душанбе доир гашт, аз мавзӯи меҳварии шумораи навбатии  ҳафтаномаи  «Мароми пойтахт» (№51 аз 18.12.19)  маҳсуб мешавад.

Дар ин нашр ҳамчунин гузориш аз  ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, рӯи чоп омадаанд.

Дар ин шумораи  ҳафтаномаи  «Мароми пойтахт» мақолаи Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода  зери сарлавҳаи  «Ифротгароӣ – зуҳуроти даҳшатафкан ва нафратовар»  ба нашр расидааст.

Зоир Раҳмонзода зимни ибрози андеша дар ин мавзӯъ, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Ин ифротзадаҳо аз оқибатҳои даҳшатбори даҳаи аввали солҳои навадум ва рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани беш аз 1 миллион нафар миллати тоҷик, бесаробон мондани модарону хоҳарон ва ятим мондани кӯдакон, инчунин дигар омилҳои нангин ибрат нагирифта, ин гурӯҳи хиёнаткор боз   ба амалҳои ифротию муғризона даст зада, мехоҳанд  мамлакатро ба доми оташ бикашанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва саркардагони гурӯҳҳои онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки  онҳо ба ғаразҳои нопоки худ расида, Ватани маҳбубамонро ноорром созанд».

                                                                                                 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Декабрь 19, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад