ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 360-умин рӯзи соли 2019 аст
26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар он бо ҳисоботи 15-солаи фаъолияти ҳизб Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза карданд.
***
5 сол пеш, 26 декабри соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо бевосита шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд.
26 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Словения – Рӯзи истиқлолият ва муттаҳидӣ.
РӮЙДОДҲО:
26 декабри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон, ки 28 декабр таҷлил карда мешавад, табрик гуфтанд.
***
26 декабри соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар интернет сомонаи тоҷикиашро фаъол намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Парлумони Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро баррасӣ кард.
***
26 декабри соли 1925 Ҳизби коммунистии Ҳиндустон таъсис дода шуд.
***
28 сол аз ин пеш, 26 декабри соли 1991 Парлумони Озарбойҷон ҳуруфоти забони озарбойҷониро аз кириллӣ ба лотинӣ иваз намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2017 истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
***
Соли 1949 Алберт Эйнштейн назарияи ҷозиба (назарияи умумии мутаносибӣ)-ро пешниҳод намуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад