«САПЕДА-2019». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд таҳти унвони «Сапеда-2019» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-озмун 41 нафар ғолибони ду даври озмун аз муассисаҳои таълимии санъат ва мусиқии шаҳри Душанбе, ки дар риштаҳои гуногун маҳорату истеъдоди хосса нишон додаанд, иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он фароҳам овардани шароит барои вусъати эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхону навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон, инчунин ба ин восита муҳайё намудани шароит барои равнақи суннатҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда-2019» соати 14:00-и санаи зикршуда оғоз мегардад.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






