Ҳафт давлат аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ маҳрум шуданд

Январь 13, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмаи Умумии  СММ ҳафт давлат аз ҳуқуқи овоздиҳӣ  маҳрум шуданд.  Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, ин давлатҳо Венесуэла, Гамбия, Яман, Лесото, Лубнон, Тонга ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ мебошанд.

Намояндаҳои давлатҳои болозикр дар маросими овоздиҳӣ дар иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ ширкат карда наметавонанд,  чунки  ҳаҷми қарзи онҳо тӯли ду соли охир аз пардохт афузунтар шудааст.

Ин қарор мутобиқи моддаи 19-и   Оинномаи СММ  қабул  шудааст.

Аз давлатҳои номбурда аз ҳама зиёдтар Венесуэла қарздор аст: Каракас бояд 21 миллион доллар пардохт намояд, то ки ба моддаи 19-и Оиннома мутобиқат кунад.

Дар рӯйхати қарздорон инчунин ҷазираҳои Комор, Сомалӣ, Сан-Томе ва Принсип зикр шудаанд, аммо Маҷмаи Умумии СММ ба онҳо иҷозат дод, ки дар овоздиҳӣ иштирок намоянд .

Январь 13, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд