АМАЛИЁТИ «КОРД» ДАР ДУШАНБЕ. Дар давоми ҳафтаи аввали соли равон милитсияи пойтахт 7 адад корд ва 1 кастет дарёфту мусодира намуд

Январь 10, 2020 09:40

 ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  зимни баргузории амалиёти навбатии «Корд»  аввали соли 2020  8 нафар шаҳрвандонеро боздошт намуданд, ки силоҳи сард, аз қабили корду кастет  бо худ доштанд. Кормандони милитсияи пойтахт аз  боздоштшудагон7  адад корд ва 1  кастет дарёфту мусодира намуданд. Дар ин бора  аз маркази матбуоти Раёсати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудагон 5  нафар сокинони шаҳри Душанбе — Ҳайдар Абдуллоеви 32-сола,  истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо, Умедҷон Донаеви 16-сола  истиқоматкунандаи кӯчаи А. Дониш, Ҳасан Маматалиеви 22-сола,  сокини  кӯчаи Р.Набиев (пеш 2 маротиба бо моддаҳои 244 ва 252 суд шудааст), Насим Қурбонови  20-сола, истиқоматкунандаи  кӯчаи Айнӣ, Билол Яъқубови  24- сола, сокинони  кӯчаи Есенин, инчунин  сокини деҳаи Нави  шаҳри Ҳисор Ҳоҷимурод Мансурови 26-сола, сокини  кӯчаи Абдуллоеви  шаҳри Истаравшан Мирзоҷон Усмонови  29-сола   ва Сайёд Юлдошови  21- сола,   истиқоматкунандаи деҳаи Пистамазори  шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки нисбат  ба онҳо тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

Мавриди зикр  аст, ки  дар семоҳаи охири соли  2019 бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила амалиёти шартӣ бо номи «Корд» роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа пеши роҳи содиршавии як зумра ҷиноятҳо  гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки дар робита ба баргузории амалиёти мазкур Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сокинони шаҳр  чунин муроҷиат намуд: «Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд. Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.

Муҳтарам падарону модарон!

Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд. Аз ин рӯ, пайваста  фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира   дӯстӣ доштани  онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд».

Мавриди зикр аст, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.

  Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд