Антонио Гутерриш изҳор дошт, ки СММ шояд ҳамаи барномаҳо барои соли 2020-ро иҷро карда натавонад

Январь 16, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. СММ шояд ҳамаи барномаҳои амал, ки барои соли 2020 пешниҳод шудаанд, иҷро карда натавонад, агар кишварҳо сари вақт ва пурра ҳаққи аъзогии худро пардохт накунанд, изҳор дошт Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш. Дар ин бора АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «РИА  Новости» хабар медиҳад.

«Агар ҳамаи кишварҳои аъзо сари вақт ва пурра ҳаққи аъзогии худро пардохт накунанд, эҳтимол аст,  ки маблағ барои татбиқи тамоми барномаҳои барои соли 2020 пешниҳодшуда кифоя нагардад», — гуфт Гутерриш зимни суханрониаш дар чорабинии СММ.

Ӯ хотирнишон сохт, ки соли гузашта созмон дучори гаронтарин буҳрони молиявӣ дар даҳсолаи охир гардид.  Дабири кулл зикр намуд, ки ҳаҷми умумии қарзи кишварҳо дар охири соли 2019 нисбат ба охири  соли 2018 афзуд.

«Ман вазъиятро ҳамоно дақиқ назорат мекунам ва  ба кӯмаки доимии шумо умедворам, то ин ки мо ба буҳрони аз ин ҳам амиқтар дучор нашавем»,- таъкид намуд Гутерриш.

Моҳи октябр Дабири кулли СММ намояндагони корпуси дипломатиро дар Ню-Йорк дар бобати ҷиддан бад шудани вазъияти молиявии созмон огоҳ сохта буд. То 9 октябри соли 2019 беш аз 50 кишвари аъзо, аз ҷумла ИМА ҳаққи аъзогиро ба буҷаи СММ нагузарондаанд. Созмон маҷбур шуд, ки баъзе намудҳои фаъолияташро маҳдуд созад ва ба реҷаи сарфакории қароргоҳ дар Ню-Йорк гузарад.

Январь 16, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд