Барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳои Душанбе 8 миллион доллар ҷудо мегардад
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳои шаҳри Душанбе Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 8 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин маблағ барои таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он равона гардида, 5,2 миллиони он бо кафолати давлатӣ ба сифати қарз ва 2,8 миллион доллараш дар шакли гранти сармоягузорӣ ҷудо карда мешавад.
Тавре роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе» Абдулхайр Алиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барқарорсозии инфрасохтори троллейбусҳо ба рушди соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти ин воситаи мусофиркаш мусоидат карда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз хизматрасонии ин нақлиёти каммасрафи ҷамъиятӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза бештар истифода баранд.
Тибқи иттилои номбурда, айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба сокинону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд. Онҳо дар як сол беш аз 11 миллион мусофирро интиқол медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2019 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин троллейбусҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шуданд.
Ба иттилои Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. Арзиши як адад чунин троллейбус қариб 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад. Иқтидори ғунҷоиши троллейбус 90 кас, ҷойи нишасти он барои 22 нафар буда, дарозиаш 12м ва бараш 2,5м мебошад. Троллейбусҳо системаи сӯхторхомӯшкунӣ, назорати видеоӣ, кондитсионер барои мусофирон ва кабинаи ронанда доранд. Онҳо бо механизми махсус муҷаҳҳаз шудаанд, ки фаршро коҳиш медиҳанд, то ворид шудан ба салон мувофиқ бошад. Инчунин дар троллейбусҳои мазкур пандус барои маъюбон мавҷуд аст.
«Фаъолияти троллейбусҳои нав дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо мақсади озмоиш ба роҳ монда шудааст. Минбаъд харидории 100 адад чунин троллейбусҳо барои хизматрасонӣ ба мусофирон дар пойтахт пешбинӣ шудааст»,-илова намуд номбурда.
Бояд зикр кард, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои Беларус фаъол буда, инчунин ширкат бо Қирғизистон, Россия, Украина, Молдова, Руминия, Сербия, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.
Мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе — кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон – хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе нахустин маротиба 1 майи соли 1955 троллейбусҳои аввалин ба ҳаракат даромада буданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






