Дабири кулли ТУТ барои баррасии вазъи коронавирус ба Чин меравад

Январь 27, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)  Тедрос Адан  Гебрейесус  хабар дод, ки барои мулоқот бо ҳукуматдорони Чин ва коршиносон дар соҳаи нигаҳдории  тандурустӣ ва баррасии вазъият оид ба коронавируси нав ба Пекин сафар мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Риа Новости» иттилоъ медиҳад.

«Ман ба Пекин сафар мекунам, то ин  ки  бо ҳукуматдорон ва коршиносон дар  соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ки барои аксуламал бар зидди коронавирус чораҷӯӣ мекунанд, мулоқот намоям. Мо бо ҳамтоёнамон аз ТУТ мехоҳем сабабҳои доман паҳн кардани ҳодисотро  фаҳмем ва ҳамкории худро бо Чин дар масъалаи таъмини минбаъдаи ҳифз аз авҷ гирифтани вирус таҳким бахшем»,- навиштааст дар аккаунти  худ дар “Твиттер” Гебрейесус.

Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки мутахассисони ташкилот шабонарӯз кор мекунанд, то ин ки Чин ва аҳолии онро дар ин айёми мураккаб дастгирӣ  намоянд. Ҳамчунин ТУТ бо кишварҳое, ки дар он ҷо ин беморӣ мушоҳида мешавад, робитаи зич дорад. Ташкилот доираи васеи коршиносонро ҷалб  карда, барои тамоми кишварҳои ҷаҳон тавсияҳо таҳия менамояд ва  мекӯшад, ки низоми аксуламалро  зидди коронавирус ба кор андозад.

Январь 27, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд