Дар Чин нишонаҳои нав ва роҳҳои гузариши коронавирусро шарҳ доданд

Январь 29, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Навъи нави коронавирус асосан бо роҳи ҳавоӣ –қатрагӣ мегузарад, вале дар натиҷаи ба чашм  расондани дастони ифлос ҳам сироят мекунад, изҳор дошт узви гурӯҳи коршиносони кумитаи давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ  Ли Синван. Дар ин бора АМИТ Ховар бо истинод ба «РИА Новости» иттилоъ медиҳад.

«Ҳама бояд ниқоб пӯшанд, қаробатро дар масофаи наздик маҳдуд намоянд. Вирус метавонад дар натиҷаи даст расондан   ба чашмоне, ки он ҷо вирус   афтодааст, паҳн шавад».  Дар марҳилаи ибтидоӣ беморӣ бо чунин нишонаҳо, ба монанди баландшавии ҳарорати бадан, беҳолӣ ва сулфаи хушк зуҳур мекунад. Дар ҳолати гирифтории сахт ба ин беморӣ душвор  шудани нафаскашӣ, нарасидани ҳаво ба мушоҳида мерасад, агар касалиҳои дигар низ мавҷуд бошанд, вазъият боз ҳам бадтар мешавад»,- шарҳ  дод  духтури  бемориҳои сироятшаванда.

Ба гуфти Ли Синван,  вақтҳои охир ҳодисаҳои шакли сабуки  2019-nCoV зиёд гаштаанд:  баъзе беморон ҳатто гирифтори шамолхӯрии шуш нашудаанд, фақат таби начандон баланд ва сулфаи кӯтоҳи хушк мушоҳида  гардид.

«Дар як қисми беморон баландшавии ҳарорати бадан қариб ки эҳсос намешавад, фақат сулфаи хушк ва  беҳолӣ  ба назар мерасад. Ин гуна шахсонро мо вақте муайян кардем, ки онҳо худашон ихтиёрӣ барои муоина омаданд. Мутобиқи қонуниятҳои бемориҳои сироятӣ,  ин гуна шахсон то андозае паҳнкунандагони вирус мебошанд, ки ин пешгирии эпидемияро то андозае мушкил месозад»,- илова намуд ӯ.

Табобати беморе, ки бо вируси нав сироят шудааст, тақрибан як ҳафта  вақтро мегирад, ба шарте ки дар ҳолати сабук идома ёбад,  ҳангоми бемории вазнин ду  ҳафта ва бештар аз ин лозим мешавад, суханашро хотима бахшид Ли Синван.

Аз рӯи маълумоти охир, теъдоди фавтидагон ба 106 нафар расид, шумораи  сироятшудагон аллакай 4,5 ҳазор одамро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои сироятшавӣ ба ғайр аз Чин дар Кореяи Ҷанубӣ, Япония, ИМА, Тайланд,  Канада,  Ветнам,  Сингапур,  Непал,  Франсия, Австралия, Малайзия,  Камбоҷа  ва  Германия низ  ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукуматдорони Чин  фурӯш ва  интиқоли  ҳайвоноти ваҳширо манъ карданд, зеро эҳтимол аст, ки  маҳз  онҳо сарчашмаи  пайдошавии бемории нав бошанд. Дар бисёр шаҳрҳо карантин эълон шудааст.

  Фото: ©REUTERS

Январь 29, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид