Дар хатсайри «Мусича» 15 адад микроавтобуси муосир ба сокинону меҳмонони Душанбе хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16, ки «Мусича» номгузорӣ шудааст, микроавтобусҳои муосир сафарбар гардиданд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар ин мусофиркашонҳои нав пурра ба таври ғайринақдӣ (1 сомону 60 дирам) ба роҳ монда шудааст. Дар хатсайри мазкур 3 намуд микроавтобуси муосир, аз ҳар кадоме 5 ададӣ, дар маҷмӯъ 15 адад нақлиёти мусофиркаши нав ба сокинони пойтахт хизмат мерасонанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хатсайри зикршуда маҳаллаҳои Чортеппа — Чанороро дар бар гирифта, ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст.
Микроавтобусҳои мазкурро корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» харидорӣ намуда, онҳо дар хатсайри мазкур барои озмоиш ба кор шурӯъ намудаанд. Баъди анҷоми муҳлати озмоишӣ (6 моҳ), бо инобати пешниҳоди мусофирон мутахассисони корхона ба хулоса меоянд, ки кадоме аз онҳо барои хизматрасонӣ муносиб дониста мешаванд. Сипас корхонаи мазкур ба истеҳсоли оммавии он шурӯъ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар пойтахт, 100 адад автобуси 12-метраи тамғаи «AKIA»-ро (бо ғунҷоиши 98 мусофир, ки 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст дорад), истеҳсол намуда, ба корхонаҳои коммуналии нақлиёти мусофиркашони пойтахт пешниҳод намояд. Айни ҳол 57 адади ин автобусҳо истеҳсол шуда, дар хатсайрҳои шаҳр ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Корхона дар оянда истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро ба нақша гирифта, дар марҳилаи дуюм, моҳҳои январ — феврали соли 2020 ба истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8-метра оғоз менамояд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






