Дар соати рамзии ба ном Рӯзи қиёмат 100 сонияро то «нимашаби ҳастаӣ» монданд

Январь 24, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ақрабакҳои рамзии соати ба ном Рӯзи қиёматро  соли 2020  20 сония ба пеш ҳаракат доданд, акнун онҳо сад сонияро то «нимашаби ҳастаӣ» нишон медиҳанд, гуфта мешавад дар изҳороти «Бюллетени олимони соҳаи ҳастаӣ».  Дар ин бора АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «РИА Новости»  хабар медиҳад.

Соати Рӯзи қиёмат бори аввал дар муқоваи «Бюллетени олимони соҳаи ҳастаӣ» соли 1947 пайдо шуда буд. Вақти то нимашаб боқимонда рамзи шиддат гирифтани вазъияти байналмилалӣ ва  нимашаб маънои қиёмати ҳастаиро дорад. Солҳои охир ақрабакҳоро танҳо ба пеш ҳаракат медиҳанд.

Ҳоло то нимашаб 100 сония боқӣ мондааст. Мо бо ин гуфтанием,  ки дунё  чӣ  қадар ба садама наздик аст —  гап  на дар бораи соатҳо ва ҳатто  дақиқаҳо,   балки сонияҳо меравад.  Ин муҳлати аз ҳама  кӯтоҳ  дар тамоми  мавҷудияти  соати  Рӯзи қиёмат  мебошад, — оварда шудааст  дар санад суханони роҳбари «Бюллетени олимони соҳаи ҳастаӣ» Рейчел Бронсон.

Дар маросими намоиши  соат собиқ дабири кулли СММ Пан Ги Мун иштирок намуд ( дар акси  боло).

Сабабаҳои авҷ гирифтани шиддатро олимон болоравии хатари ҳастаӣ, амалҳои нокифоя дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва вусъат гирифтани пахши ахбори дурӯғин дар ВАО номиданд.

Дар маросими намоиши соат Бронсон илова намуд, ки давоми ду соли охир «сарварони бонуфуз»  усулҳои аз ҳама беш пурсамари кор оид ба пешгирии хатарҳо – созишномаҳои байналмилалиро доир ба назорати қатъӣ барҳам мезананд.

«Мо комёбиҳои худро дар соҳаи ҳастаӣ  босуръат  аз даст медиҳем  ва  рӯйдодҳои даврони охир собит месозанд, ки то нимашаб ҳамагӣ 100 сония боқӣ  мондааст»,- гуфт профессори Донишкадаи сиёсати байналмилалӣ  дар соҳаи илм ва  технологияҳо  Шэрон Скассони.

Аз ҷумла, ӯ баромадани ИМА- ро аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон ва батадриҷ дур шудани Теҳронро аз риояи шартҳои он то изҳороти қарибулвуқӯъ оид ба он ки вай худро дигар пойбанди созишнома намеҳисобад, зикр намуд. Минбаъд ба кор даромадани механизми танзими баҳсҳо дар доираи созишнома ҳамчунин баҳои манфӣ гирифт.

Соли ҷорӣ на танҳо эҳтимоли пурра барҳам хӯрдани созишномаи ҳастаӣ  бо Эрон ҷой дорад, балки мумкин аст ба шартнома дар хусуси паҳн накардани яроқи ҳастаӣ зарбаи ҷиддӣ зада шавад»,- гуфт коршинос.

Ҳамчунин ӯ таваҷҷуҳи  ҳозиринро ба набудани пешравӣ  дар масъалаи табдил додани  нимҷазираи Корея   ба минтақаи аз аслиҳаи ҳастаӣ озод ҷалб намуд.

«То ин дам  ҳарду ҷониб ба гуфтушунид муносибати мусбат доштанд, вале ба назар чунин  мерасад, ки раис Ким эътимодашро аз қобилияти гуфтушуниди президент Трамп гум кардааст»,- гуфт Сквасонӣ.

ДАР АКС: 2007, 5 дақиқа пеш аз нимашаб. Кореяи Шимолӣ ба озмоиши яроқи ҳастаӣ, ки дар наздикии Клуби атомӣ ҷойгир аст, оғоз мекунад. Акс аз Reuters

Ӯ  баромадани ИМА-ро аз Шартнома оид ба рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва  наздикпарвоз  дар соли 2019  зикр намуд ва таъкид сохт, ки ИМА то ҳол дар масъалаи тамдид намудани  СМВ – 3 сарфи  назар аз даъвати Россия аз соли 2017 оид ба ин  амал  ба як қарор наомадааст.

«Ҳарчанд ки  ин кори осон аст ва ба ИМА манфиатбахш мебошад. Бидуни СНВ-3  ва тамдиди он мушаки ҳастаии тезпарвози Россия –«Авангард» бе маҳдудият хоҳад монд»,- гуфт профессор.

Солҳои 2018 ва 2019 соати Рӯзи қиёмат ду дақиқаро то нимашаб нишон медод. Соат соли 1953 баъд аз санҷиши аввалин  бомбаи водородӣ  айнан ҳамин вақтро нишон дода буд.  Айёми аз ҳама ором соли 1991 буд, он вақт   ақрабакҳои соат аз «садамаи ҳастаӣ» 17 дақиқа ба қафо гардонида шуданд.

 

Январь 24, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд