Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон бо ҷоизаи «International Conservation Statesman Award» сарфароз гардид

Январь 21, 2020 14:18

ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ренои иёлати Невадаи ИМА намоиши «2020 Sheep Show Convention» баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он ду ҷоиза ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷоизаи «International Conservation Statesman Award» ба Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиқ дониста шуд.

Инчунин ҷоизаи «International Wildlife Conservation Ambassador Award» ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим бо дарназардошти эътироф ва қадрдонии комёбиҳои дипломатӣ дар пешбурди муносибатҳо ҷиҳати муҳофизат ва идоракунии гӯсфандони нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Зимни намоиш таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, таҳкими ҳамкорӣ ба амалисозии ин иқдом мусоидат хоҳад кард.

Намоиши «2020 Sheep Show Convention» бо мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид.

ДАР АКС: ҷоизаи «International Conservation Statesman Award». Акс аз ВКХ ҶТ


 

Январь 21, 2020 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд