Директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карда шуд

Январь 13, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар бо гирифтани аксари овозҳои вакилон ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Бохтар №26 пешбарӣ карда шуд.

Дар конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Шоиста Абудназарзода, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳри Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён, намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар №26, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣиштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз як масъала “Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Бохтар №26”, иборат буд.

Баъди тасдиқи ҳайати котибот, ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳо интихоб гардид. Аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Н.Иброҳимзода номзадии узви ҲХДТ Саидбурҳон Шарипов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Малҷиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Бохтар №26 пешбарӣ гардид.

Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич 2 октябри соли 1977 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2000 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи омӯзгор оғоз намуда, то имрӯз дар вазифаҳои мухталифи пурмасъул ифои вазифа намуда, ҳоло ба ҳайси директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар фаъолият дорад.

Январь 13, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид