Ҷилди дуюми китоби «Шаҳраки кушонии Сайёд» аз чоп баромад

Январь 14, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа  Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд»  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар китоби мазкур доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардумони ин шаҳраки кушонӣ, аз ҷумла меъморӣ, бофандагӣ, заргарӣ, кишоварзӣ ва дину оин маълумоти ҷолиб тасвир ёфтанд».

Инчунин муалифон доир ба  сиккаҳои ёфтшуда, ки  ба шоҳони кушонӣ Ҳерай, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз ва Канишка тааллуқ доранд, маълумоти муффасал додаанд. Ин ёдгорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Муаллифон бар он андешаанд, ки шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрнишинии Бохтар дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.

Китоби мазкур бозгӯкунандаи таърихи гузаштагон буда, он барои доираи васеи хонандагон равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷилди якуми китоб зери ҳамин унвон соли 2017 нашр гардида буд.

Январь 14, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад