Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла такмили ихтисоси кормандон, мубодилаи китобҳо, тарҷумаи шоҳасарҳои классикони ду давлат бо забонҳои тоҷикӣ ва украинӣ ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо хостори он шуданд, ки барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ҷиҳати ошноии мардумони ду мамлакат бо гузаштаву имрӯзи фарҳанг, рушди илм ва ғайра дар китобхонаҳои Тоҷикистону Украина гӯшаҳои китоб ифтитоҳ шаванд, то хонандагон бо тамаддуни ҳамдигар имкони бештар ошноӣ пайдо намуданро дошта бошанд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






