Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон («Tajikistan Fashion Week») оғоз гардид, ки он то 29 ноябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ин намоиш муаррифии ҳунари волои тарроҳони ватанӣ, анъанаҳои қадимии миллӣ бо унсурҳои муосири ҷаҳонии мӯд, рушди саноати сабук ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани брендҳои миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи Ҳафтаи мӯд тарроҳони шинохтаи Тоҷикистон ва меҳмонону мутахассисони хориҷӣ маҷмуаи нави либосҳои худро, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ, матоъҳои анъанавӣ ва ҷавоҳироти дастсози тоҷикӣ инъикос ёфтаанд, ба тамошобинон пешниҳод намоянд.
Баргузории чунин намоиш ба таҳкими ҳамкории эҷодии тарроҳони минтақа, табодули таҷриба ва ҷалби таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи мӯди ҷаҳонӣ ба фарҳанги Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд






