НАҚШИ КАЛИДИИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ. Андешаҳои раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар партави Паёми Пешвои миллат

Январь 10, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи ҳозира  пешрафти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад»,-гуфт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ Зоир РАҲМОНЗОДА  бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2019. Номбурда дар идома чунин ибрози андеша намуд:

Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба якчанд бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум, аз ҷумла, таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии мамлакат, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ, дастовард ва дурнамои сиёсати иҷтимоӣ, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳони муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда, дастуру ҳидоятҳои созанда ба корҳои ободониву созандагӣ ва ба ин восита муаррифии мамлакат ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун, инчунин омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода — интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аҳамияти муайянкунанда дорад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа Ҳукумати мамлакат давоми даҳсолаи охир аз тамоми сарчашмаҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ ва саноатикунии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳиму муайяне ба иҷро расонид.

Дар Паём зикр гардид, ки соли сипаришуда дар таърихи навини мамлакат бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарору хотирмон сабт мегардад. Тавре маълум гардид, дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо, дар низоми бонкии ҷумҳурӣ соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид ва сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафтааст.

Воқеан ҳам, дар ин замина мову шумо набояд фаромўш созем, ки давоми бисту ҳашт соли давлатсозии миллӣ таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати заҳматҳои софдилонаи халқамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаҳои нави рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогири ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ ташаккул ёфтанд.

Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ рушди соҳибкории хурду миёна ва дар маҷмўъ бахши хусусӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, Пешвои миллат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон муҳиму арзишнок баҳогузорӣ карда, ҷорӣ гардидани чанд мораторий ва сабукиҳои Ҳукумати мамлакатро давоми чанд соли охир сабаби пешрафти махсуси бахши хусусӣ унвон намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукӣ ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускору пешоҳанг таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои норасоии об мавқеи устувору мондагор дорад. Маҷмаи Умумии СММ бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» доир ба таъмин кардани аҳолии мамлакат бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳо ба анҷом расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи олӣ ва ба маркази баррасии масъалаҳои глобаливу минтақавӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро низ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бо баргузории Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тақвияти тоза бахшида, ҷараёни раванди сифатноки корҳои муҳими бунёдкориву созандагиро дар заминаи чунин чорабиниҳои байналмилалӣ қобили ибрат ва намунаи ҳамагон номид.

Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, дар зарфи соли якуми эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти мамлакат як зумра пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омўзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳиро боз ҳам зарур шуморида, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шуда, муҳлати он то 60 рўз дароз карда шавад. Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.

Пешвои миллат ҳамзамон таъкид намуданд, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш намуда, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа дода, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Вобаста ба ин, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…»-ро аз рўйи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад.

Вобаста ба ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва дар ин рӯҳия тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

Воқеан ҳам Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дидгоҳи мардумсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода менамояд.  Ташкилотҳои ҳизбии пойтахт низ дар нақшаи чорабиниҳои худ барои соли 2020 шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Сарвари давлатро ба таври васеъ ба роҳ монда, истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги умумиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманду сарбаланди моро ба сўйи арзишмандтарин хостаҳои миллию зиндагии шоиста раҳнамун месозад.

Январь 10, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон