Номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳоҷӣ Қаюмов, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
Дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, аз рӯи ҳарду масъала номзадҳо бо тарафдории вакилони конференсия ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






