Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 — уми қарни гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст.
Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд.
Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” — ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст.
Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ бунёд шуда, он барои 2000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати умумии иншоот бо фарогирии қитъаҳои сабзкоришуда бошад, 5500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бино аз 38 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, маҷлисгоҳ бо 344 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Китобхонаи муассиса дорои 3600 нусха китоби дарсӣ, 1400 нусха китоби бадеӣ, 1000 нусха китоби бачагона ва 450 нусха дастурҳои таълимӣ аст. Қироатхонаи китобхона бо 40 ҷойи нишаст ва 7 компютер фарогири миқдори зиёди китобҳои гуногуни электронӣ мебошад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур маълум гардид, ки синфхонаҳои фаннии он, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика ва биология пурра бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар синфхонаи технологияи иттилоотӣ 30 компютер васлу насб гардидааст, ки ҳар кадоми он ба шабакаи интернет пайваст аст.
Ошхонаи муассиса, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 160 ҷойи нишаст мебошад ва дар он бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба хонандагону омӯзгорон хизмат расонида мешавад.
Дар ошёнаи дуюми бино барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон гӯшаи шоҳмотбозӣ ва дар ошёнаи сеюм ҷиҳати тарғиби фарҳанги миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.
Дар таҳхона синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва анбору буғхона ҷойгир мебошад. Низоми гармидиҳии муассиса ба шабакаи муттамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст аст.
Ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи музкур бо 32 адад камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар як вақт имкони сабти ҳам навор ва ҳам садоро бо сифати баланд доранд, назорат карда мешавад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад, дар доираи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба муҳассилин ва омӯзгорон маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълимиро дар муассисаи навбунёд беҳтарин унвон доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат аз омӯзгорон масъулиятшиносӣ дар корҳои таълим ва истифодаи самараноки имконияти муосирро талаб карда, хонандагонро ба донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар ҳидоят намуданд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






