Президенти нави Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе Сенатори Белгия Ҳендрик Дамс президенти нави Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) интихоб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АПША дар «Твиттер».
Сиёсатмадори 60-сола аз гурӯҳи «Иттиҳоди либералҳо ва демократҳо барои Аврупо», ки ҳайати Белгияро дар ассамблея раҳбарӣ мекунад, ягона номзад ба ин мақом буд.
Президенти Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) ба муҳлати яксола бо имконияти тамдиди як соли дигар интихоб карда мешавад. Пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби ин ё он гурӯҳи сиёсӣ дар заминаи ҷойивазкунӣ сурат мегирад.
Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо яке аз ду мақомоти асосии қонунгузории Шӯрои Аврупо мебошад, ки вазифаҳои машваратиро иҷро мекунад. Ассамблея аз намояндагони парлумонҳои 47 давлати аъзо иборат буда, яке аз қадимтарин мақомоти байнипарлумонии ҳамкории парлумонӣ дар Аврупо аст, ки соли 1949 таъсис ёфтааст.








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






