Президенти нави Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо интихоб гардид

Январь 28, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи душанбе Сенатори Белгия Ҳендрик Дамс президенти нави Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) интихоб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АПША дар «Твиттер».

Сиёсатмадори 60-сола аз гурӯҳи «Иттиҳоди либералҳо ва демократҳо барои Аврупо», ки ҳайати Белгияро дар ассамблея раҳбарӣ мекунад, ягона номзад ба ин мақом буд.

Президенти Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) ба муҳлати яксола бо имконияти тамдиди як соли дигар интихоб карда мешавад. Пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби ин ё он гурӯҳи сиёсӣ дар заминаи ҷойивазкунӣ сурат мегирад.

Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо яке аз ду мақомоти асосии қонунгузории Шӯрои Аврупо мебошад, ки вазифаҳои машваратиро иҷро мекунад. Ассамблея аз намояндагони парлумонҳои 47 давлати аъзо иборат буда, яке аз қадимтарин мақомоти байнипарлумонии ҳамкории парлумонӣ дар Аврупо аст, ки соли 1949 таъсис ёфтааст.

Январь 28, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид