Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

Январь 13, 2020 14:23

ДУШАНБЕ, 13.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-уми январи соли 2020 дар Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор ва Панҷ номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ шуд.

Дар кори Конференсия узви Раёсати КИМ ҲХДТ  Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзиев ширкат намуданд.

Дар конференсия масъалаи  пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, тибқи овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода бо гирифтани овози бештар  номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Раҳмонзода Зоир 8-уми январи соли 1981 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон идома бахшида, соли 2003 онро ба итмом мерасонад.

Номбурда корро дар ин Донишкада аз зинаҳои ибтидоии коромӯзу, ассистент ва муаллими калон оғоз намуда, то соли 2013 дар ин боргоҳи илму маърифат вазифаҳои директори Маркази иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, мудири кафедра ва декани факултет адои вазифа намудааст.

Номбурда рисолаи номзадии худро дар риштаи илмҳои технологияи муосир соли 2011 дифоъ намуда, сазовори дипломи нозади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Ӯ соҳиби як монографияи илмӣ, 11-китоби дарсӣ ва беш аз 110 мақолаву матолиби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Соли 2013 директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дошт. Аз соли соли 2015  вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2013 бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамчун олими ҷавон дар соҳаи илм ва технологияи муосир қадрдонӣ гардидааст. Раҳмонзода З. Ф. аз моҳи марти соли 2017 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда истодааст.

 

Январь 13, 2020 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд