Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-уми январи соли 2020 дар Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фархор ва Панҷ номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ шуд.
Дар кори Конференсия узви Раёсати КИМ ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзиев ширкат намуданд.
Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Ҳамин тариқ, тибқи овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода бо гирифтани овози бештар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 пешбарӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Раҳмонзода Зоир 8-уми январи соли 1981 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, таҳсилро дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон идома бахшида, соли 2003 онро ба итмом мерасонад.
Номбурда корро дар ин Донишкада аз зинаҳои ибтидоии коромӯзу, ассистент ва муаллими калон оғоз намуда, то соли 2013 дар ин боргоҳи илму маърифат вазифаҳои директори Маркази иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, мудири кафедра ва декани факултет адои вазифа намудааст.
Номбурда рисолаи номзадии худро дар риштаи илмҳои технологияи муосир соли 2011 дифоъ намуда, сазовори дипломи нозади илмҳои иқтисодӣ мегардад. Ӯ соҳиби як монографияи илмӣ, 11-китоби дарсӣ ва беш аз 110 мақолаву матолиби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Соли 2013 директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дошт. Аз соли соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2013 бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамчун олими ҷавон дар соҳаи илм ва технологияи муосир қадрдонӣ гардидааст. Раҳмонзода З. Ф. аз моҳи марти соли 2017 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ифои вазифа намуда истодааст.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






