Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳамкорӣ оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа мебахшанд

Январь 29, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ду ҳамсоядавлат –Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро оид ба пешгирӣ ва  рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа мебахшанд. Далели ин аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Зикр шуд, ки Созишнома бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду давлати ҳамҷавор, ҳамкорӣ  оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода,  ки метавонад  ба  осудаҳолӣ ва амнияти миллии тарафҳо мусоидат намояд, ба имзо расидааст.

Тибқи муқаррароти моддаҳои 7-11-и Созишнома  навъҳои кумак ва шартҳои убури сарҳади давлатӣ  аз  ҷониби гурӯҳҳои кумакрасон, аз ҷумла воридот, содироти таҷҳизот ва маводи таъминотӣ барои расонидани кумак ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода, истифодаи ҳавопаймо ва пардохти хароҷот амалӣ карда мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ», Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва БАТР оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро ба тасвиб расониданд, ки ҳадафашон  барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.

Январь 29, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид